Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд

Май 3, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳбарӣ намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду давлат  дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра муфассал баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи хосса ба омода намудани  муҳтавои мулоқотҳои дарпешистодаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сатҳи олӣ зоҳир шуд.

Ҳамчунин доир ба ҳамкории ду мамлакат  дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.

Аз натиҷаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории консулӣ ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд