Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе барои сари вақт иҷро намудани нишондиҳандаҳои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 феврали соли 2024 «Дар бораи Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Зимни ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки аз мавриди амал қарор гирифтани қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» зиёда аз ду моҳ сипарӣ гардид, аммо дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилиҳо ҷой доранд.
Гуфта шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ҶСП «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» ҳамкориро бо 41 зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз намуд. Сараввал таҳлили корхонаю муассисаҳо оид ба мавҷудияти хизматрасонии муздноки давлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 20 зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҷараёни фаъолияти низоми пардохти ғайринақдӣ ба масъулин маълумот пешниҳод намуд.
Дар айни замон дар шаҳри Душанбе қариб 3 ҳазор номгӯй хизматрасонӣ амал мекунад. Дар доираи платформа барои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва таъмини гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, ки аз ҷониби ҶСП «Пардохти ҳушманд» амалӣ гардидааст, пардохти ғайринақдӣ дар 13 зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 17 сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд», дар семоҳаи аввали соли 2024 корҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ дар 13 зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идома доранд.
Дар идомаи ҷаласа аз масъулин ва роҳбарони зерсохторҳои мақомот талаб карда шуд, ки корҳоро дар ин самт тавсеа бахшида, дар байни кормандон ва дигар фаъолону сокинони пойтахт риояи ҳатмии низоми пардохти ғайринақдиро дар доираи талаботи шаҳрдорӣ бо фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ тарғиб намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






