Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар иҷлосия Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин намудани Умед Бобозода , лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм-Нуробод-пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, вакилони мардумӣ Парвиз Шодизода, Солеҳа Холмаҳмадзода, Азиз Гиёзода, Мавлудахон Мирзозода, Мансур Усмонзода, Ғиёсиддин Ашурзода, Мунаввар Абдусаломзода, Фозил Обидзода ва Файзулло Баротзода муаррифӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон