Дар мавзуи «Осиёи Марказӣ — меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай» конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Май 8, 2024 11:08

ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай: фазои сулҳ ва шукуфоии муштарак» конференсияи байналмилалӣ баргузор карда шуд.

Дар конференсияи байналмилалӣ таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи  минтақаҳое мебошад, ки давлатҳои он дорои таърихи ягона буда, давоми қарнҳо як сарнавиштро паси сар кардаанд. Маданият, урфу одат, расму русум ва фарҳанги ба ҳам хеле наздик доранд ва ба истилоҳ мамлакатҳои ҳамҷавор мебошанд. Ин минтақа дар маркази таваҷҷуҳи доимии ҳадафҳои рушди Созмони ҳамкории Шанхай қарор дошта, меҳвари муносибатҳои гуногунсамти созмонро ташкил медиҳад.

Ба таъкиди иштирокчиёни конференсия Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун ниҳоди ҳамгироии минтақавии универсалӣ маҳз бо мақсади ҳалли мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. Дар муддати 23 соли мавҷудият ва фаъолият дар арсаи байналмилалӣ самти фаъолияти ин созмон аз доираи Авруосиё фаротар гардид. Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз ба яке аз ниҳодҳои муайянкунандаи самт ва соҳаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Новобаста ба ин самти ибтидоии фаъолияти ниҳод иваз нагардидааст. Ин нуқтаи назар дар Эъломияи Душанбегии бистсолагии Созмони ҳамкории Шанхай ва минбаъд дар нишастҳои Самарқанд ва Ню-Делии Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқи худро пайдо намуданд. Дар ин нишастҳо иброз гардид, ки Осиёи Марказӣ — меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай  буда, давлатҳои Осиёи Марказӣ талошашонро ба таъмини амнияту осудагӣ ва шукуфоии минтақа ва дар маҷмуъ тамоми мамлакатҳои аъзо равон месозанд.


Иштирокчиёни конференсия иброз доштанд, ки бо кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказӣ қадам ба қадам ба фазои имконияти нав дар соҳаи иқтисоду савдо, сармоягузорӣ, илму инноватсия ва технология табдил меёбад. Дар муддати панҷ соли охир мубодилаи молу амвол байни давлатҳои он 80 дарсад афзоиш ёфта, нишондиҳандаи он ба зиёда аз 10 миллиард доллар расид.

Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин зимни муроҷиати видеоӣ ба иштирокчиёни конференсия таъкид дошт, ки «агар Осиёи Марказӣ суботашро нигоҳ дорад, боиси амнияти куллӣ ва агар рушду такомулашро идома диҳад, сабаби шукуфоии минбаъдаи ин созмон мегардад».

Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО (2009-2017) таъкид дошт, ки «Осиёи Марказӣ гавҳари дурахшоне дар ҳалқаи Авруосиё мебошад, ки дорои таърихи бою фарҳанги беназир буда, ба инсоният муҳаққиқону шахсиятҳои нотакрор ва кашфиёту навгониҳои бузурги илмиро армуғон овардааст. Тағйирот ва навгониҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада, ба ояндаи дурахшони ҳамгироии давлатҳои он умедвор мекунанд, ба тамоми ҷаҳон нишон медиҳанд, ки чӣ гуна муносибатҳои накуи ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ, новобаста аз сиёсати хоси иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои алоҳида бояд ба роҳ монда шаванд. Муҳим он аст, ки роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилоти муосири байналмилалӣ мулоқоту машварат, дастгирии ҳамдигарӣ ва ҳамдигарфаҳмиро пеша менамоянд».

Таъкид карда шуд, ки муҳим аст, то Созмони ҳамкории Шанхай дар  Осиёи Марказӣ ташаббусҳои бештарро дар самти мустаҳкамгардонии соҳибихтиёрии давлатҳои минтақа ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули минтақаи шукуфо амалӣ намояд.

 АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2024 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона масъалаҳои экологӣ ва тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд
Дар Тошканд ҷаласаи 19-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай гардид
Дар Пекин масъалаи омодагӣ ба нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд
Дар Пекин ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар Пекин ҷаласаи навбатии намояндагони доимии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносон дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Пекин дар мавзуи «Бехатарии экологӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе оид ба густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир шуд
Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид