Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи дастурдиҳӣ ба гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, аз қабили пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ ва тарбияи дурусти онҳо аз тарафи оила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода ҳадафи баргузории ҷаласаро иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баён доштанд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории созмонёфта унвон намуд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ки 8 апрели соли 2024 таъсис дода шудаанд, ба ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва мағзшӯии насли ояндасоз аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии исрофкорӣ дар тӯю маросими миллӣ, назорати ҷиддии рафтору кирдори фарзандон, махсусан онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат қарор доранд, нигаронида шудааст.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эмин нигоҳ доштани оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, тарғиби либоси миллӣ таҳти шиори «Тоҷикона мепӯшем» ибрози назар намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа оид ба таъсиси гурӯҳҳои корие қарор қабул карда шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакатро доир ба мавзуъҳои пешгирии хурофотпарастӣ, исрофкории барзиёд зимни ҷашну маросими миллӣ бо усули «Хона ба хона» ба аҳолӣ мерасонанд.
Пешвои миллат 9 марти имсол зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид намуда буданд, ки дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
«Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем», — баён доштанд Сарвари давлат.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст






