Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар маҳфил доир ба мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва нақши он дар адабиёти оламшумули халқи тоҷик сухан гуфта шуд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки иқдоми шоиста ва наҷибе, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардидани шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» мебошад.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Дар маҳфили «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ достонҳо бо маҳорати баланд қироат гардиданд.
Дар анҷоми маҳфили «Шоҳномахонӣ» роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамагонро ба омӯзишу тарғиби ин шоҳасар ҳидоят намуданд.
Пешниҳод карда шуд, ки ба ифтихори ҳифзи хотиpаи таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» чун анъана охири ҳар моҳ дар сатҳи баланд баргузор гардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






