Дар шаҳри Хоруғ даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид

Май 25, 2024 18:50

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хоруғ даври шаҳрии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Дар ҷамъбасти озмун иброз гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имконияти илм дар амал маҳсуб мешавад.
Он тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 дар доираи амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида мешавад.

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 186 нафар иштирок намуда, 80 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва Диплом қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Май 25, 2024 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид