Дар шаҳри Конибодом Форуми таълимии соҳибкории G5 баргузор гардид

Май 17, 2024 14:05

СУҒД, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Конибодом таҳти унвони «Таърихи муваффақияти соҳибкорони ватанӣ» Форуми таълимии соҳибкории G5 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.

Форуми таълимии соҳибкорӣ бо мақсади баланд бардоштани неру ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, тақвияти афкор ва васеъ намудани маълумотнокии иштирокчиён, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид байни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорон доир шуд.

Таъкид гардид, ки рушд бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии он зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат барои ислоҳот дар соҳаи соҳибкорӣ мунтазам барномаҳои давлатӣ қабул менамояд. Таъсиси грантҳои президентӣ, барномаҳои гуногуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ”, қонунҳои амалкунанда дар самти соҳибкорӣ аз қабили чунин тадбирҳои муҳим мебошанд.

Дар форум 5 соҳибкори муваффақи ватанӣ: Дилшод Ҷуразода – директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, Наталия Браун — менеҷер оид ба фаъолият дар маркетплейси «Вайлдберс», Беҳрӯз Ҳафизов – блогер ва соҳибкор, ташкилкунандаи Мактаби омӯзишии забони англисӣ, Шоҳина Гадойбоева — номзади илмҳои иқтисодӣ, муассис ва директори маркази ташхису табобатии “Насли солим”, Навруз Юсупов -соҳибмулки бозори яклухти «Дӯстӣ», Маҳмудҷон Аҳмадов – номзади илмҳои иқтисодӣ ва муассиси “Фин групп Осон маркет” вобаста ба мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ ва таҷрибаву муваффақиятҳояшон табодули афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки форум бо ибтикори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Май 17, 2024 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд