Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри пешгирии офатҳои табиӣ соҳили дарёҳо мустаҳкам карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар мавзеъҳои хавфноки минтақа ҳашарҳо гузаронида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Зимни ин ҳашарҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани сойҳо аз партовҳо, баровардани сангу шағал ва шинонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ дар ҷойҳои хавфнок анҷом дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҷойҳои муайянгардида бо ҷалби қувва ва техникаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб корҳо вусъати тоза гирифтаанд.
АКС: Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






