Дар Суғд масъалаи таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ҷалби сайёҳони чинӣ ба вилоят, густариши робитаҳо дар бахшҳои маорифу тандурустӣ, таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чинро муҳокима намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дорад. Ҳамкории тарафҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноати кӯҳӣ-металлургӣ назаррас буда, байни ду давлат табодули маҳсулот сол ба сол зиёд мегардад.
Маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат, аз ҷумла саноати кӯҳкорӣ, истихроҷи ангишт, коркарди пахта рушд карда, вилоят метавонад дар ин замина ҳамкориро тақвият бахшад.
Дар мулоқот ҳамзамон ба масъалаҳои ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ, таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чин ҳавасмандӣ зоҳир гардида, аз натиҷаи вохӯрӣ протокол ба имзо расонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






