Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд

Май 13, 2024 16:07

ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаи вазъи кишту кори баҳорӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳлилу баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки вилояти Суғд дорои имконияти васеъ буда, масъулинро зарур аст барои иҷрои нақшаҳои гузошта фаъолиятро тақвият бахшанд. Иброз гардид, ки имсол ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардид, ки ин омили фаровонҳосилӣ мебошад.

Дар робита ба рафъи оқибатҳои бориши рӯзҳои охир таъкид гардид, ки тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳо ба сомон расонида шуданд. Тибқи маълумоти фаврӣ, бориши боронҳои шадиду сел дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ҷаббор​ Расулов, Спитамен, Деваштич, Мастчоҳ сабт  шуда, оқибатҳои он сари​ вақт бо ҷалби сохторҳои марбутаи соҳа бартараф гардид ва хисорот муайян карда мешавад.​

Иттилоъ дода шуд, ки​ давоми чор моҳи имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи ​ 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш ​ нисбат ба ҳамин ​ давраи соли 2023   110 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 1 миллиарду 685 миллион сомонӣ ва растанипарварӣ қариб 33 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 110 ва 131 фоизро дар бар гирифт.​

Соли 2024 тибқи нақшаи кишти тасдиқгардида, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии вилоят гузаронидани кишти баҳорӣ дар 173 ҳазору 835 гектар пешбинӣ гардида, маъракаи кишти баҳорӣ босуръат идома дорад.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 13, 2024 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд