Дар Теҳрон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон давраи дуюми машваратҳои сиёсӣ байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон роҳбарӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити гуногунҷанбаи ду давлати дӯстро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар карда шуд.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Амир Абдуллоҳиён ба ҳузур пазируфта шуд.
Зимни ин мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомода байни роҳбарияти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин мулоқотҳои муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломи Эрон Маҳди Сафарӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҷонибҳо ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии байни ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ гуфтугӯ намуданд.
Дар фарҷоми сафар муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Хусрав Нозирӣ мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур, баргузории чорабиниҳои муштаракро дар доираи фаъолияти ин Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






