Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид

Май 1, 2024 17:14

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи апрели имсол кишоварзони мамлакат дар 165 ҳазору 457 гектар кишти пахта гузарониданд, ки 89 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон кишти пунбадона босуръат идома дошта, нақшаи истеҳсоли пахта 186 ҳазор гектар муайян гардидааст.

Тавре таъкид гардид, пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- ин интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад. Инчунин шарти дигаре, ки марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар равон намояд, риояи муҳлати кишти чигит мебошад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз майдони киштшуда 9492 гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад, ки бештари он ба  вилояти Хатлон рост меояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Май 1, 2024 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд