ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Авҷи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар боғи навбунёди мевадиҳандаи вилоятӣ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, зиёда аз 300 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаи ба шароити маҳал мутобиқ шинонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Ҳашари ниҳолшинонӣ бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кормандон, сокинони деҳаҳои Авҷ, Мулвоҷ, Сумҷин ва Яхшвол баргузор шуд.
Зимни ҳашар ба риояи агротехникаи боғдорӣ диққати зарурӣ дода шуда, усули обёрӣ ба тариқи қатравӣ бо истифода аз дастгоҳи обкашӣ ва панелҳои офтобӣ гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон Барномаи «Мамлакати сабз» барои солҳои 2023-2027 қабул гардид. Дар доираи ин барнома то охири соли 2027 дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувори низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.
Барнома дар ду давр амалӣ мешавад. Тибқи нақша, дар даври аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






