Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар раддабандии якуми ФИФА зинаи 34-ро ишғол намуд

Май 7, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 май Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) маротибаи аввал дар таърих рейтинги ҷаҳонии дастаҳои футзалро байни дастаҳои миллӣ эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бар асоси раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол дастаи  миллии Тоҷикистон оид ба футзал  бо касби 1167,37 хол дар байни 139 давлати ҷаҳон дар зинаи 34-ум қарор дорад.

Бояд гуфт, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2024, ки чанде пеш дар Бангкок ба анҷом расид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми чаҳорумро касб карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гардид.

Чемпионати ҷаҳон имсол аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мегардад.

Дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайиланд футзалбозони Тоҷикистон шаш вохӯрӣ анҷом доданд. Дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ бозӣ намуд. Дастаи Пайрав Воҳидов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқот бар Афғонистон (2:1) зафар ёфт. Футзалбозони мо дар даври нимниҳоӣ аз тими миллии Тайиланд (вақти асосӣ – 3:3, аз рӯйи пеналти – 5:6) ва дар бозӣ барои ҷойи севум аз тими миллии Узбекистон (вақти асосӣ – 5:5, аз рӯйи пеналти – 1:3) шикаст хӯрданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 7, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд