«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҳти унвони «Дилнавишта» маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Маҳфили эҷодӣ бо назокату латофат ва мавзунии баланди сабку лаҳни хоси Ибодуло Машраб ифтитоҳ гардида, табъи иштирокчиёнро болида гардонид.
Бояд гуфт, ки осори мусиқии устод Ибодулло Машраб бо оҳанги маҳин, нафосату малоҳат ва мавзунӣ, гуногунрангиву тозагӣ аз осори дигар эҷодкорону ҳунармандон бартарият дошта, шунидани он шахсро ба олами маънавӣ мебарад. Ин сабку услуби овозхонӣ, тафсири маъниҳои каломи бадеъ ва дигар хусусияти эҷодиёти гуногуншакли Ибодулло Машрабро бисёр арбобони ҳунару адаб низ эътироф ва иброз менамоянд.
Ибодулло Машраб 1 апрели соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Москваро хатм намуда, дар мақому масъулияти мухталиф ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе, саркоргардони телевизиони Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди саҳна, коргардон ва роҳбари бадеии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолият намудааст.
Мавсуф ҳоло ба сифати котиби масъули Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.


Ибодулло Машраб дар намоишҳои зиёди театрӣ нақш офаридааст, ба монанди Исмоили Сомонӣ аз «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и Меҳмон Бахтӣ, Хусрав аз «Хусрав ва Ширин»-и Г. Птитсин, Искандари Мақдунӣ аз «Хатои охирини Искандар» ва «Спитамен»-и Барот Абдураҳмон, Насри Сомонӣ аз «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода, Азозил аз «Хонасӯзон»-и М. Фриш, Домод аз «Хостгорӣ» ва ғайра.
Тавре ки Ибодулло Машраб иброз медорад, «ман ҳамаи нақшҳоямро дӯст медорам. Дар ҳар нақши ман порае аз қалбам ҷой дорад».
Устод, ки табъи шоирӣ низ дорад, вобаста ба нақшҳои иҷронамудааш чунин мегӯяд:
Гаҳ шоҳу гаҳе гадо будан кори ман аст,
Тасвиру тасаввур гули ашъори ман аст.
Осон бувадам тасаввури ҳар нақше,
Тасвири набуда кори душвори ман аст.
Устод Ибодулло Машраб қариб 50 сол аст, ки барои рушди нумӯи фарҳангу ҳунари тоҷик хизмат менамоянд ва ин заҳматҳояш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ордени «Дӯстӣ», медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин аз ҷониби Фонди ҳамкории байналмилалии гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи иттиҳод» қадрдонӣ шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






