«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт

Май 4, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Зимни ифтитоҳи намоиш доир ба саҳми халқи тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ибрози назар карда шуд. Изҳор гардид, ки воқеан, дар солҳои мудҳиши ҷанг беш аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба муҳорибаҳо ҷалб шуда, аз се як ҳиссаи онҳо аз майдонҳои набард барнагаштанд.

Ба намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимоти ҷангӣ, ордену медалҳо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон қисса мекунанд.

Дар ҷараёни намоиш аз ҷониби кормандони ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ, ки тараннумгари ватандӯстӣ ва шуҷоату мардонагӣ буд, пешниҳод гардид.

Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 18 май идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 4, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид