ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба он дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фестивалҳои футбол доир мешаванд

Май 25, 2024 10:07

ДУШАНБЕ, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо 5 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд. Фестивали асосӣ имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки ба он 600 кӯдаку наврас фаро гирифта мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд таъкид намуд, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

Футбол дар Тоҷикистон чӣ тавр рушд намуд?

Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам овардааст.

Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.


3 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ бо масъулони соҳаи варзиш ва футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти якчанд вазорату идораҳои мамлакат, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ мулоқот намуда, масъулинро ба бартараф намудани мушкилоти ин соҳа муваззаф намуда буданд.

Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаи намудҳои варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат баҳри рушду равнақи соҳа дар мамлакат 11 ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардид. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 6450 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони мамлакат баланд бардошта шуда, зиёда аз 2000 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора ворид шуд

Аввалин маротиба дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи Қатар фаъолона иштирок карда, то даври чорякфинал баромад. Дар бозии даври чорякфинал футболбозони мо дар рақобати баробар бо дастаи миллии Урдун қувва озмуда, ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора ворид шуд.

Ин чорабинии варзишӣ қобилияти варзишро барои муаррифии давлат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат нишон дод. Бо чунин арзишҳои воло ва барои рушди ҷомеаи солиму созанда ҳамаи намуди варзиш, аз ҷумла футболро бояд истифода намуд.

Бояд гуфт, ки чунин дастовард дар таърихи футболи тоҷик муваффақияти бузург буда, натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва заҳмати содиқонаи футболбозон мебошад.


Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи мамлакатамон мусоидат менамояд. Аз ҷумла, иштироки фаолонаи футболбозони мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё  собит сохт, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар тамоми навъҳои варзиш сабқат намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.

Хусусан мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол, ки 22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа доир шуд, футболбозони ҷавонро руҳбаланд намуда, ҳавасмандии онҳоро зиёд гардонид.

Зимни суҳбати самимӣ  Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ кардаанд, қабул намуд.

Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май якдилона пазируфт.

Футбол чӣ гуна бозӣ аст?

 Футбол навъи варзиши даставӣ аст, ки ҳадафаш ба миқдори бештар ба дарвозаи ҳариф ворид сохтани тӯб мебошад. Дар айни замон он аз ҳама маъмултарин намуди варзиш дар рӯи олам мебошад.

Футбол яке аз бозиҳои варзишии қадим мебошад, ки дар асрҳои миёна пайдо шудааст. Ватани футбол Англия ҳисоб шуда, солҳои охир ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон мусобиқаи байни дастаҳои занонаи футбол низ дохил карда шудааст.

Қоидаҳои бозии футбол аз чӣ иборатанд?

Қоидаҳои кунунии футбол аз 17 боб иборат буда, дар онҳо ҳама ҷабҳаҳои бозӣ- аз тарзи рангкунии майдони футбол то ҷазои бозингарон барои бозии номашрӯъ оварда шудаанд. Ба дурустии иҷрои қоидаҳои бозӣ дар майдон ҳайати доварон назорат мекунанд. Дарвозабон, бешубҳа, як бозингари беназир дар майдон аст. Вай дар тан либоси беназире дорад, посгоҳро посбонӣ мекунад, тӯбро бо дастонаш дар дохили майдони ҷаримавӣ идора мекунад.

Як бозии футбол аз ду давр (тайм)-и 45-дақиқагӣ иборат аст. Дар танаффуси байни таймҳо дастаҳо дарвозаҳояшонро иваз мекунанд.

Футболро дар майдони бо алафи табиӣ ё сунъӣ пӯшидашуда бозӣ мекунанд. Дар бозӣ ду дастаи 11-нафара иштирок мекунанд. Як бозингар — дарвозабон метавонад бо даст дар майдончаи ҷаримавӣ тӯбро нигоҳ дорад. Вазифаи асосии ӯ ҳимояи дарвоза мебошад. Дигар бозингарон низ вазифа ва мавқеи худро дар майдон доранд. Ҳимоятгарон дар қисми майдони худашон меистанд, вазифаи онҳо — нагузоштани ҳуҷуми ҳарифон мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2024 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон баҳри густариши раванди рақамикунонӣ Созишнома ба имзо расонид
Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ барои ҷоми Раиси вилоят мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо сокинону фаъолони шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024» доир шуд
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» мегузаронанд
Дар Хоруғ таҳти унвони «Модару бонувони ваҳдатсаро» ҳамоиш доир гардид
15-17 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ НИЁГОН. Ин мавзуъ дар меҳвари мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат қарор дошт
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад