IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид

Май 6, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт иҷозат дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, 5 май дар 7 қитъа (ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ) сел омада, дар натиҷа ба роҳ осеби ҷиддӣ расид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пурра бартараф намудани пайомади ин офати табиӣ ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ муваққатан маҳдуд шуда буд.

Ҳоло бартарафсозии пайомадҳои селфароӣ бо ҷалби техникаҳои пуриқтидор идома дорад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти аҳолӣ мерасонад, ки дар мамлакат бар асари бориши шадид хатари фаромадани сел, ярч, тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

Май 6, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд