«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳри Турсунзода сарбозони аз хизмат баргаштаро бо тантана истиқбол намуданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода ҷавонмардонеро, ки қарзи шаҳрвандӣ — хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, сарбаландона ба назди волидайн баргаштаанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол мегиранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Сарбозони далери Ватанро дар фазои тантанавӣ то манзили истиқоматиашон бурда, барои садоқатмандона ҷамъбаст намудани хизмати аскарӣ ва тарбияи чунин ҷавонмардони ватандӯст ба волидони онҳо изҳори сипос намуда, ба сарбозон туҳфаву Сипоснома супорида шуд.
Таъкид гардид, ки ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат иқдоми ҷумҳуриявии «Истиқболи сарбози Ватан шараф аст!» идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






