«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад
ДУШАНБЕ, 06.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҷавонмардоне, ки барои ҳимояи Ватан шарафмандона хизмати ҳарбиро иҷро намудаанд, ташаббуси ҷумҳуриявии «Истиқболи сарбози Ватан шараф аст»-ро амалӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин ташаббус тамоми мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, сохтор ва зерсохторҳои Кумита иштирок намуда, барои баланд бардоштани нуфузи Артиши миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ҷавонмардоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намудаанд, ҳамовоз мешаванд.
Аз ҷумла, дар фазои тантанавии истиқболи сарбозони далери Ватан дар манзили истиқоматашон ба шодиву комронии волидони онҳо намояндагони вазорату идораҳо шарик шуда, барои садоқатмандона ҷамъбаст намудани хизмати аскарӣ ва тарбияи чунин ҷавонмардони ватандӯст ба волидони онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба сарбозон туҳфаву сипосномаи Кумита эҳдо мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст.
Хуб мешуд, ки дар доираи чунин тадбир сарбозон ҳамзамон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо донишҷӯёни муассисаҳои олии мамлакат вохӯрӣ намуда, вобаста ба шароити фароҳамшуда дар қисмҳои ҳарбӣ бо ҷавонон суҳбат менамуданд. Зеро бо ин роҳ метавон ҳисси хештаншиносиро дар дили наврасон бедор ва онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум дилгарм намуд. Онҳо бояд дарк намоянд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарзи ҷавонмардӣ буда, ҳангоми иҷрои ин қарзи шаҳрвандӣ ҳар нафар метавонад худро соҳибватан дониста, арзишҳои миллиро ҳифз намояд. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб- хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт- дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар ин радиф Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта мебошад, зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасе ҳастанд, ки бе онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






