Кристалина Георгиева: «Хазинаи байналмилалии асъор дар оянда ҳамкориро бо Тоҷикистон тавсеа мебахшад»
ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре чанде пеш иттилоъ додем, 16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд.
Кристалина Георгиева пас аз мулоқот барои гурӯҳи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти хабарӣ орост.
Дар оғоз ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории самарабахши Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
«Дар мулоқот Барномаи нави Хазинаи байналмилалии асъор барои Тоҷикистонро муҳокима кардем, ки ба самти дастгирии идомаи ислоҳот дар кишвар, беҳдошти фазои маблағгузорӣ, ҷалби сармоягузорон, истифодаи маблағҳои буҷетӣ баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст», — изҳор намуд Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор.
Дар идома Кристалина Георгиева тазаккур дод, ки ин барномаи зарурӣ дар ҳолате амалӣ мегардад, ки Тоҷикистон сохтмони яке аз лоиҳаҳои, на танҳо барои кишвар, балки барои минтақа муҳим — НБО «Роғун»-ро идома дода истодааст. Ин иншоот манбаи тавлиди «энергияи сабз» барои рушди тиҷорати Тоҷикистон ва мардум мегардад.
«Мо инчунин имконияти дар оянда тавсеа бахшидани ҳамкориро баррасӣ кардем. Бояд гӯям, ки Хазинаи байналмилалии асъор ба аъзои худ захираҳои молиявиро тавассути механизми маблағгузории имтиёзноки иқлимии «Воситаи рушди устувор» ба муддати 20 сол бо муҳлати имтиёзноки 10 сол пешкаш мекунад. 18 кишвар аз ин имконият истифода мебаранд ва мо итминон дорем, ки ҳар чӣ зудтар Тоҷикистонро ҳам ба ин пайванд созем», — илова намуд ӯ.
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор ҳамчунин доир ба пешрафти назарраси Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои баланди иқтисодии кишвар изҳори таассурот намуд.
Иброз гардид, ки рушди иқтисодӣ беш аз 8 фоиз ва таваррум яке аз ҳама пасттарин наздик ба 3 фоизро ташкил медиҳад. Қарзи давлатӣ нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 27 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҳама муҳим мардуми тоҷик муттаҳид ҳастанд ва барои пешрафти Тоҷикистон талош доранд.
«Душанбе ба ман бисёр маъқул шуд. Шаҳр бисёр зебо ва сарсабз аст. Чунин ба назар мерасад, ки ин макон барои зиндагии хуш ва руҳбаландии одамон офарида шудааст. Бори дигар ба мардуми тоҷик барои пазироию меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос мекунам», — гуфт дар фарҷом Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






