МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ҳамоиш доир шуд

Май 15, 2024 19:33

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май ҷашн гирифта мешавад, таҳти унвони «Оила ва маърифати ҳуқуқии оиладорӣ дар ҷомеаи муосир» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ иштирокдорон зимни маърузаҳои  пурмуҳтаво ҷойгоҳи оила ва эҳтирому арзишҳои онро дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуданд.

Таъкид карда шуд, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоие аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.

Имрӯз дар мамлакат оилаҳои зиёде ҳастанд, ки бо рафтору кирдори намунавӣ дар ҷамъият нақши босазо мегузоранд. Аз ҷумла, бо тарбия намудани фарзандони саводноку бомаърифат ва дорои ахлоқи воло  дар пешрафти ҷомеа ҳисса мегузоранд.

Зимни ҳамоиш ба оилаҳои намунавии донишгоҳ Сипосномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ барномаи рангин иборат аз шеъру сурудҳои дилнишин дар васфи зан-модар пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Май 15, 2024 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид