МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол маротибаи аввал дар Тоҷикистон таҳти унвони «Гютер Уэкер ва арҷгузорӣ ба Ҳофиз» намоиши асарҳои рассоми олмонӣ профессор Гютер Уэкер баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти «Art@ Culture International» мулоқот ва мубодилаи афкор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат барои таҳкиму густариши ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ бо Олмон ҳамкории судманд намуда, баргузории намоиши санъати рассомиро дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ мешуморад.
Бояд гуфт, ки Гютер Уэкер рассоми олмонӣ буда, асарҳояшро бештар бо мех меофарад.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






