Мавсума Муинӣ дар доираи Форуми занони Осиё бо Танзила Норбоева мулоқот намуд

Май 15, 2024 16:24

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар доираи Форуми занони Осиё дар шаҳри Самарқанд бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон Танзила Норбоева мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки дар натиҷаи ҳамкории дӯстонаи ду давлат бисёр соҳаҳо инкишоф ёфта, бахусус муносибатҳои байнипарлумонӣ ба сатҳи нав баромаданд.

Мавсума Муинӣ ҳамчунин аҳамият ва нақши Форуми занони Осиёро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, изҳори умедворӣ кард, ки масъалаҳои баррасишуда дар таҳияи қарорҳои самаранок дар ин ҳамоиш дастури амали тамоми давлатҳо мегарданд.

Илова бар ин ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангӣ бар пояи шабоҳати анъана ва расму оинҳои мардуми ду давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бибиосия Аюбӣ иштирок намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон

Май 15, 2024 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид