«МО, ҶАВОНОНИ ВАТАН СОЗАНДАЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шоми ҷавонӣ доир шуд

Май 11, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Мо, ҷавонони Ватан созандаем!» бо иштироки ҷавонони касбу кори гуногун барномаи фарҳангӣ-фароғатии шоми ҷавонӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Дар барнома оид ба дастгирии давлатии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми арзандаи ҷавонон дар рушди босуботи иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ёдоварӣ гардид.

Баъдан баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Бӯстон ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳар ҳафта 2 маротиба барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии шоми ҷавонӣ баргузор мегарданд.


Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, 17 марти соли 1994 нахустин мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон иброз доштаанд, «давоми беш аз се даҳсола барои пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид ба рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагиву фаъолияти ин қишри сершумортарини иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ мешаванд».

Бояд гуфт, ки санаду барномаҳои қабулгардида риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари ҷавонон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллии онҳо мусоидат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Бӯстон

Май 11, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад