Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Боку дар форуми танзимгарони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд

Май 3, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустин форуми танзимгарони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо иштироки намондагони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои ин созмон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доранд. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Форум бо мизбонии Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон дар мавзуи «Туризм дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ: имконият ва мушкилот» ташкил ва бо суханронии дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ифтитоҳ гардид.

Дабири кулл зимни суханронӣ ба Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон барои дастгирӣ ва баргузории форум изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Инчунин аз ҷониби дабири кулл ба иштирокчиён вобаста ба рушди сайёҳӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар Озарбойҷон маълумот дода шуд.

Баъд аз суханрониҳои меҳмонони воломақом нахустин форуми танзимгарони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бори аввал мегузарад, бо ташкили панелҳо барои муҳокимаи масъалаҳо аз ҷониби коршиносон идома ёфт.

Дар форум коршиносон аҳамияти ҳамкорӣ дар таҳияи бастаҳои сайёҳии муштараки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла ECO Duo, ECO Multi, ECO Nature ва Capital Tourism ECO-ро мавриди муқокима қарор доданд. Дар муҳокимаҳои панелӣ ба стратегияҳои таҳия, татбиқ ва маркетинги хатсайрҳо, аҳамияти ҷалби муштариёни маҳаллӣ ва ҷавонон, тавлиди талабот ва бастани шартномаҳои мувофиқ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки нахустин форуми танзимгарони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ 2 май дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон оғоз шуда, то 4 май идома меёбад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд