Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ иштирок доранд

Май 30, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 май то 1 июни имсол дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доранд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар Кумитаи генералии Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳайси аъзо интихоб шудааст, ки намояндаи давлати мо академик Саломудин Юсуфӣ мебошад.

Дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар байни 192 давлати аъзо ҳамагӣ 17 намоянда барои Кумитаи генералии Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ интихоб мегардад ва ин мояи ифтихор аст, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон низ узви он гардидааст.

Дар рӯзи якуми чорабинӣ дар баробари иштирок дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории вазоратро бо ин ташкилоти бонуфуз баррасӣ намуданд.

Инчунин 28 май ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои дуюм ва сеюми Кумита, ки дар он масъалаҳои лоиҳаи Барномаи 14-уми ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ва маблағгузории устувор барои иҷрои ин барнома муҳокима гардиданд, иштирок намуд.

Гуфта шуд, ки дар доираи баргузории чорабинӣ 26 май вохӯрии навбатии ғайрирасмии вазирони тандурустии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раисии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гашт, ки дар он ҷараёни татбиқи «Харитаи роҳ» барои мусоидат ба саломатӣ ва некуаҳволии давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гашт.

Дар доираи иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд инчунин вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон Асилбек Худоёров ва Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Амимқодир Бейшеналиев низ доир гашт.

Бояд гуфт, ки иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ то 1 июн дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома меёбад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд