«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир шуд

Май 11, 2024 14:39

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни оғози даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» иброз  дошт, ки «баргузории озмун ба таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони солиму солеҳ, худшиносу худогоҳ ва солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мусоидат менамояд. Пояи мустаҳками давлату ҷомеаро оила ташкил дода, давлату ҳукумат ҳифзкунандаи он мебошад».

Қабул гардидани якчанд барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.

Озмун ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» тибқи «Ҷадвали баргузории  фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки  бо  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, дар се давр гузаронида шуд.

Даври якуми он  дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани оилаи намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо аз 10 то 27 апрели соли 2024 баргузор гардид. Даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 доир шуд.

Дар ҷараёни озмун 10 кӯдак аз оилаҳои камбизоат соҳиби шаҳодатномаҳои таваллуд гардида, инчунин маросими давлатии қайди ақди никоҳи 10 навхонадор аз шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Рашт мебошанд.

Ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд сазовор гардид.

Ҷойи якум ба оилаи Талабхӯҷа Нозимов аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ҷойи дуюм ба оилаи Саидаҳмад Шеров аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва оилаи Шоин Мастонов аз ноҳияи Роштақалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуда, оилаи Муқимҷон Гиёев аз ноҳияи Рашт, оилаи Ҳабибулло Султонов аз ноҳияи Рӯдакӣ ва оилаи Бобоназар Мирзоев аз ноҳияи Файзобод ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Ғолибони озмун аз рӯи меъёрҳои зерин: ҳамчун оилаи намунавӣ дар маҳалли заст, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дуруст, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат; иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ; ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан-Модар; саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа муайян гардиданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, аксияву озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равониву хукуқӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳукуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамоянд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангии аҳли санъат ва ҳунар баргузор гардид.

София ШОИК,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 11, 2024 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад
Муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи ноҳияи Рашт шинос шуд