Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаҳои фанни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар соли 2024 муайян гардиданд

Май 9, 2024 16:43

ДУШАНБЕ, 09.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 май дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ, олимпиадаи даставии «Истеъдод», олимпиада оид ба «Шоҳмот» ва «Spelling bee» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ карда мешаванд ва то рафт дар пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта мегирад.

Танҳо дар ҳамин сол дар пойтахт 8 олимпиадаи гуногуни фаннӣ ва зеҳнӣ бо ҷалби зиёда аз 5000 хонандаи синфҳои 5-11 баргузор гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб бештар аст. Дар ин сабқатҳо аз чор ноҳияи пойтахт 5202 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 1206 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки 188 нафари онҳо хонандагони синфҳои 11 мебошанд. Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагон нишон дод, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 599 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 223 ҷойи ифтихорӣ мақоми ҷойи дуюм, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бо гирифтани 218 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 12 номинатсия, аз ҷумла “Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии фаъол дар самти ҳаракати олимпӣ», “Шуъбаҳои маорифи фаъол дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Даҳгонаи муассисаҳои таҳсилоти типи нав дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Ноҳияи фаъол дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои дар самти ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаи даставии «Истеъдод»”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти типи нав дар олимпиадаи даставии «Истеъдод»”, “Беҳтарин дастаи шоҳмотбозони пойтахт”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаи «Spelling Bee»”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти типи нави олимпиадаи «Spelling Bee»”, “Ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ” баргузор гардид.

Дар рӯзи чорабинии ҷамъбастӣ 248 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахриии олимпиадаҳои фанниро сазовор гардиданд, қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки наврасони пойтахт бо вуҷуди ҳанӯз хурдсол будан дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои илмиву эҷодии худ имконияту қобилияти фарзандони Тоҷикистонро дар байни кишварҳои дигар ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 9, 2024 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид