Озарбойҷон ҳамкориро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон тақвият медиҳад

Май 8, 2024 13:53

ДУШАНБЕ,  08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди  «АПК Азерпамбиг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон нақша дорад, ки аз кишоварзони вилояти Хатлон пахта  харидорӣ намояд. Ин матлаб зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ҶДММ «АПК Азерпамбиг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Фахри Мехтиев баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Раиси вилоят иброз дошт, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзии вилоят ба шумор рафта, кишоварзон солона то 300 000 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ менамоянд, аммо солҳои охир нархи пахта талаботи деҳқононро қонеъ намесозад.

Гуфта шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «АПК Азерпамбиг» 25 майи соли 2018 барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи пахтакорӣ таъсис дода шудааст. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ мебошад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ ҳамкориро шуруъ намоянд. Инчунин доир ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасмандиашонро баён доштанд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 8, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид