Озмоиши маҳаллии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон санҷида шуд

Май 16, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни озмоиши маҳаллии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Санҷиш аз тарафи ширкати Eductrade, коршиносони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамоҳангсозони Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат ва намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Намояндагон баъди баргузории озмоиши маҳаллии арзёбии хонандагон дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансур ба хонандагон барои иштироки фаъолонаашон дар озмоиши маҳаллии PISA 2025 сипосгузорӣ намуда, ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳарчанд дар озмоиш ва арзёбии асосии PISA 2025 бори аввал иштирок мекунад, вале барои татбиқи ин барнома ва арзёбии воқеии дониши хонандагон тайёрии хуб дидааст, ки ин метавонад барои баланд бардоштани сифати таҳсил дар Тоҷикистон ва беҳбуди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.

Озмоиши маҳаллии PISA 2025 дар айни замон дар 71 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии интихобгардидаи шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагони синфи 9 идома дорад. Барнома дар доираи Лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид