РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон барномаи идона доир шуд

Май 23, 2024 18:49

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 22 май дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иброз намуд,  ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат эълон гардидааст. Ҳанӯз соли 1992 бо назардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул шуд, ки ин нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

«Гуфта шуд, ки ҳоло дар шаҳри  Гулистон беш аз 28 фоизи сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо руҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайё мебошад.

Мо бояд ифтихор намоем, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар давлати зебои биҳиштосо зиндагӣ намуда, ворисони фарҳангу тамаддуни бостонӣ ҳастем. Аз ин лиҳоз, сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии ҳар фард бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавонон дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон давлати ҷавонон аст».

Ин нуктаҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва руҳияи ватанпарастиву ифтихори миллии ҷавонон таъкид гардида, ҳамаи моро водор месозанд, ки ба қадри неъмати бебаҳо- истиқлолият расем, Ватанро боз ҳам бештар дўст дорем ва дар ҳимояи арзишҳои миллӣ садоқатмандона талош варзида, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардорем.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Май 23, 2024 18:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ барои ҷоми Раиси вилоят мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо сокинону фаъолони шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024» доир шуд
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» мегузаронанд
Дар Хоруғ таҳти унвони «Модару бонувони ваҳдатсаро» ҳамоиш доир гардид
15-17 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ НИЁГОН. Ин мавзуъ дар меҳвари мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат қарор дошт
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ЗАН-САРВАР». 20 нафар хатмкунандагони даври омӯзишӣ соҳиби Шаҳодатнома гардиданд