Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
КӮЛОБ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб бинои нави раёсат сохта мешавад, ки дар айни замон дар он корҳо бо вусъати тоза идома доранд. Бино бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин хусус сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Қурбон Соҳибов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва бо мизу курсиҳои замонавӣ таъмин мегардад.
Ҳоло дар ошёнаи 3 –юми бино сохтмон идома дошта, 15 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Бино барои кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Кӯлоб пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Қурбон Соҳибов, баъди анҷоми сохтмон дар ошёнаи якуми бино осорхонаи замонавӣ барои парандагону ҳайвоноти нодир, дар таҳхонаи бино озмоишгоҳи Раёсат бо тамоми таҷҳизот ва дар ошёнаи панҷуми он меҳмонхона ба истифода дода мешавад.
Бинои нави Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб тибқи нақша охири соли 2024 ба истифода дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






