Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи замонавии рақамӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чен кардани масофа, кунҷҳои уфуқӣ ва амудӣ дастгоҳи замонавии рақамӣ- тахеометр ворид карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи иқтисодии Саридораи геология Олимшо Аслонзода иброз дошт, вазифаи асосии ин дастгоҳ чен кардани масофа, кунҷҳои уфуқӣ ва амудӣ, муайян кардани координатаҳо ва баландии нуқтаҳо ба таври рақамӣ мебошад, ки ҳангоми коркарди корҳои камералӣ ва сохтани харитаи маҳалли аксбардоришуда истифода мешаванд.
Тахеометр асбобе аст, ки теодолит, нивелир ва микрокомпютерро бо ҳам мепайвандад, ки ин имкон медиҳад натиҷаи ченкуниҳои кунҷӣ ва баландии сатҳ якҷоя коркард шавад. Тахеометр аз калимаи юнонӣ гирифта, маънояш тезченкунӣ ва ё бо суръат ченкунӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ин асбоб инчунин дар гузаронидани корҳои геодезӣ дар истихроҷи маъдан, саноати нефту газ, сохтмонҳои саноатию роҳҳо, кадастри замин, меъморӣ ва ёдгориҳои таърихӣ низ истифода бурда мешавад.
Тахеометри электронӣ Leica TS16 R1000 (5″) дорои лампаи дарунсохти лазерӣ мебошад, ки барои марказонӣ дар нуқтаи исти (стансияи) асбоб пешбинӣ шуда, барои ба тарзи электронӣ дақиқ чен кардани ист то маркази асбоб истифода мешавад. Ин ҳисобҳои нолозим ва истифодаи лентаи ченкуниро бартараф намуда, инчунин эҳтимоли хатоиҳоро коҳиш медиҳад.
Бартарии ин асбоб нисбат ба асбоби пешсохт он аст, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз аст. Моделҳои TS16 дорои дисплейи сенсории ранга бо тугмаҳои идоракунӣ мебошанд, ки дар панели пеш ҷойгир аст. Клавиатураи алифбоӣ ва рақамӣ барои зуд ва ба осонӣ ворид кардани рақамҳо, ҳарфҳо ва аломатҳои махсус кумак мекунад.
Ҳангоми таҳияи нуқтаҳои лоиҳа ба маҳал аз феҳрист координатаҳоро гирифта, ба хотироти асбоб гузошта ва баъдан ба таври худкор ин нуқтаҳо ба ҳадаф равона карда мешаванд.
Дар қисми панелҳои батарея ва барои пайваст кардани корти хотираи SD то 8 ГБ, порти USB барои гирифтани натиҷаҳои ченкунӣ аз хотираи дохилӣ мавҷуд аст. Маълумоти USB ба компютер интиқол дода шуда, баъдан бо барномаҳои махсус коркард карда мешавад.
Бо ин асбоб аксбардории автоматии бе истифода аз нурафкан ба тарзи лазерӣ низ гузаронидан мумкин аст. Яке аз ин- дар ҷойҳои дастнорас иҷро намудани корҳои саҳроӣ мебошад, ки тариқи лазерӣ ба ҷо оварда мешавад, яъне аз ҷойи исти тахеометр дар масофаи то 1000 м аксбардории маҳал бе истифодаи нурафкан (отражатель) иҷро карда мешавад, ки ин иҷрои корҳои саҳроиро тақрибан 55 фоиз зиёд ва хавфи бехатариро бартараф менамояд.
Тахеометри Leica TS16 M R1000 (5″) бо гардонандаи мотордор муҷаҳҳаз шудааст, ки ба синфи муҳандисӣ тааллуқ дорад. R1000 — қобилияти чен кардани масофа бо режими лазерӣ то 1000 м дошта, 5″ — арзиши хатоии ченкунии кунҷҳои амудӣ ва уфуқӣ дорад. Аниқии андозагирии масофа 1,0 -1,5 мм/км бо истифода аз нурафкан 2 мм/км дар реҷаи лазерӣ мебошад.
Корбарӣ дар маҳал бо тахеометр аз ҷониби як мутахассис гузаронида шуда, тамоми маълумоти саҳроӣ дар хотираи асбоб нигоҳ дошта мешавад.
Махфияти маълумоти гирифта дар Leica TS16 тавассути низоми ягонаи муҳофизати mySecurity дар асоси бастани пурраи дастгоҳ дар ҳолати дуздӣ ё гум шудани он тамоми маълумот дар дастгоҳ таҳти ҳимояи боэътимод боқӣ мемонад. Дастрас гардидани чунин дастгоҳи муосир бори дигар аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба соҳаи геология дарак дода, кори геологҳоро дар самти аксбардорӣ ва тартиб додани харитаҳои гуногунмиқёс даҳчанд осон мегардонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Саридораи геология ва якчанд вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки вобаста ба андешидани тадбирҳои амалӣ бобати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар ин замина бояд гуфт, ки барои пешбурди омӯзиши геологии дилхоҳ кони канданиҳои фоиданок техникаву таҷҳизоти замонавӣ зарур мебошанд, то мутахассисони соҳа аз онҳо васеъ истифода баранд.
Дар соҳа имрӯзҳо баҳри ба роҳ мондани омӯзиши геологии сарватҳои зеризанинӣ техникаву таҷҳизоти муосир васеъ истифода мешаванд.
Тибқи барнома, барои воҳидҳои сохтории Саридора техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва рақами харида мешавад.
Тибқи нақша, имсол боз се дастгоҳи пармагарии муосир барои иҷрои лоиҳаҳои Барномаи давлатии рушди соҳаи геология харида мешавад.
Албатта, чунин таҷҳизоти муосирро танҳо мутахассиси таҷрибадор метавонад идора кунад. Дар ин самт низ Саридораи геология тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Омода кардани мутахассисони баландпояи соҳаи геология омили муҳими ҳамкории самаранок бо давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Русия ва ғайра ба шумор меравад.
Имрӯз ҷаҳониён аз маълумоти геологҳо фаровон истифода менамоянд ва ин ба пешрафти саноат мусоидат менамояд. Дар ин замина Саридораи геология пайваста барои омода кардани геологҳои муваффақ кӯшиш менамояд.
Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Саридораи геология супориш доданд, ки ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок гузаранд. Дар Саридораи геология барои гузаштан ба стандарти байналмилалии ҳисоби захираҳо аллакай корҳо амалӣ мешаванд. Ҳамасола аз ҷониби Саридораи геология бо ҷалби коршиносони сатҳи байналмилалӣ машварату тренингҳо баргузор карда мешаванд. Масалан, Саридора соли 2022 дар шаҳри Душанбе «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» баргузор намуд, ки дар кори он зиёда аз 150 намоянда аз давлатҳои Австралия, Канада, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳое, ки ба омӯзиш ва истифодаи қаъри замин алоқамандӣ доранд, иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки барномаи ҳисоби захираи канданиҳои фоиданоки ширкати «Micromine» -ро истифодабарандагони қаъри замин дар тамоми ҷаҳон васеъ истифода мебаранд. Ин барнома дар самти геология муосиртарин ба ҳисоб рафта, кори геологҳоро хеле осон мегардонад. Он мунтазам такмил дода шуда, давоми даҳ сол дар ҷумҳурӣ пурра амалӣ мегардад.
Илова бар ин соли 2023 бо ширкати бритониёгии “Сигувент” бо мақсади мубодилаи маълумот оид ба тамоюлҳои навин дар доираи рақамикунонӣ ва кор бо маълумоти геологӣ дар марҳилаҳои ҷустуҷӯ, иктишофи геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок машварати омӯзишӣ доир карда шуд.
Соли 2024 низ якчанд чорабинӣ барои дастрасии истифодаи усулҳои муосире, ки ҳоло дар ҷаҳон баҳри кашфи конҳо самаранок ба кор бурда мешаванд, ба нақша гирифта шудааст
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо якчанд давлат, аз ҷумла Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон, Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра), Хадамоти геологии назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаааст ва корҳо дар ин самт муваффақона амалӣ мешаванд.
Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи асосии таъмини рушди устувор аст. Соҳаи геология гаҳвораҷунбони дигар соҳаҳо ба шумор рафта, асоси саноатикунонии босуръати мамлакат аст. Кашфи конҳо, яъне таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз давлати аграрӣ- саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ табдил дода шавад.
Саридораи геология таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дарк намуда, тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ самаранокии корҳои иктишофии геологиро баланд бардошта, захираҳои иктишофшудаи ашёи минералии мамлакатро афзун намояд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон