Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзида ва соҳибтаҷрибаи ин соҳаҳо таъйин карда шуданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ҳаким ба вазифаи муовини якуми Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яздонзода Исфандиёр ва Бодуршозода Мералӣ муовинони Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони якчанд раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, роҳбарони ду сохтори Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавон ва варзидаи ин соҳаҳо таъйин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба ҳозирин доир ба таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои шарикони рушд, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояву сайёҳон ва технологияи муосир ба мамлакат, афзун намудани сарчашмаҳо ва ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлат, афзунсозии захираҳои давлатӣ ва ҳифзи субот дар бозори истеъмолӣ, беҳсозии таъминоти ақибгоҳӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии хуби кадрҳои ҷавони ояндадор, пурзӯр намудани интизоми корӣ ва дар маҷмуъ содиқона ва софдилона хизмат намудан ба Ватани азиз дастуру ҳидоятҳои судбахш доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 МВт ба истифода доданд






