Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар Ашқобод дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ Сарвазири Тоҷикистон ба Президенти Туркманистон салому паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Ҷонибҳо дар доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
Тарафҳо доир ба ҷонибдории густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва нигоҳ доштани тамоюли мусбати афзоиши бемайлони он сухан гуфтанд. Дар ин росто нақши махсуси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро таъкид намуда, ҷонибдориашонро аз рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






