Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба рӯзномаи ҷаласа 12 масъалаи марбут ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахшҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика дохил шуда буд. Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, телекоммуникатсия, ҳифзи муҳити зист, рушди долонҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зарурати фаъол гардонидани корҳоро баҳри истифодаи ҳадди аксари иқтидори ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод, мутобиқ шудан ба воқеияти нав – тағйироти глобалӣ дар иқтисод, сиёсат ва соҳаи иҷтимоӣ ва расидан ба сатҳи сифатан нави шарикии байни давлатҳои иштироккунанда таъкид намуд.
Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки масъалаҳои пешбурди иқтисоди «сабз», бахусус энергетикаи «сабз», инчунин масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз самтҳои афзалиятноки Иттиҳод боқӣ мемонанд.
Дар интиҳои ҷаласа бастаи санадҳо марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати кимиё, коркарди партовҳои хатарнок ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид.
Мавзуи дигари рӯзномаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод масъалаи эълон намудани Ашқобод – «Шаҳри имконияти нави варзишии Иттиҳод» буд.
Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Сочи (Федератсияи Русия) баргузор мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»















Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






