«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад

Май 2, 2024 11:55

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон, Чин, Покистон ва  Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ мешаванд.

Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.

Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.

Меҳмонон метавонанд ба маҳсулоти инноватсионӣ, маҳсулоти нави ширкатҳо баҳо гузошта, бо сифати маҳсулоти пешниҳодшудаи ширкатҳо шинос шаванд, мустақиман бо истеҳсолкунандагон тамос гиранд ва молҳоро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 2, 2024 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»