Тоҷикистон барои таъсиси паркҳои технологии муштарак бо ниҳодҳои СММ ва шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои шарик дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ню-Йорк дар мавзуи «Аҳамияти таъсиси паркҳои технологӣ бо истифода аз ашёи хоми мавҷуда» чорабинии канорӣ доир намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишаст аҳамияти таъсиси паркҳои технологӣ ва нақши онҳоро дар рушди саноати мамлакат зарур шуморида, таъкид намуд, ки ҳоло ин иқдом дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад.
Сарвари давлат дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои гузаштан ба технологияи пешрафтаи рақамӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар истеҳсолоти ватанӣ баҳри таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар раванди амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ таъсиси паркҳои технологии илмиву истеҳсолӣ шарти муҳим ва самти афзалиятнок муайян гардид. Бо ҳамин мақсад вазорат ниҳодҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд ва давлатҳои аъзоро даъват намуд, ки дар табодули илмиву фанноварӣ, ҷалби ниҳодҳои байналмилалии соҳавӣ ва таъсиси паркҳои технологии муштарак ҳамкории судманд намоянд.
Дар нишаст ба иштирокдорон ҳамчунин стратегияҳои рушд ва имконоти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Нишаст дар ҳошияи Форуми нуҳуми бисёрҷонибаи тарафҳои манфиатдор оид ба илм, технология ва инноватсия барои Ҳадафҳои Рушди Устувор баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони воломақоми давлатҳои иштирокчӣ доир ба мавзуъҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон ибрози назар карда, омодагиашонро ба пешбурди масъала дар чорабиниҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид баён намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






