Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин вохӯрии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо муовини Вазири саноат ва фанновариҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Юнмин баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ дар мавриди дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои авлавиятноки саноат, таҳкими пояи шартномавиву ҳуқуқӣ байни мақомоти ду давлат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Пекин ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд






