«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» бо иштироки олимон, аҳли зиё, омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор.
Иброз гардид, ки дар даври аввали маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» 746 нафар ва дар даври дуюм 87 нафар иштирок намуданд.
Мақсад аз гузаронидани маҳфил-озмун таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ байни ҷавонон ва наврасон, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии Тоҷикистони азиз ба ҷаҳониён ҳамчун халқи дорои таърихи қадимӣ мебошад.
Озмун байни хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Ҳисор баргузор карда шуд.
Ғолибони маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






