«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои банди 10-уми «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст ва ба муносибати қабул гардидани ҳунарҳои кирмакпарварӣ, абрешимбофӣ ва санъати кашидадӯзӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО ва эҳёи дигар ҳунарҳои қадимии миллӣ дар қаламрави мамлакат Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» идома дорад.
Бахшида ба ҷамъбасти даври вилоятии озмун бо иштироки роҳбарияти вилоят дар шаҳри Хоруғ намоишгоҳи бошукуҳ ташкил гардид, ки дар он дастовардҳои ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маърази тамошо гузошта шуд.
Раиси вилоят зимни тамошои намоишгоҳ бо ҳунару истеъдоди ҳунармандон аз наздик шинос гардид. Ба ҳунари кадбонугӣ ва ҳунармандии косибону чӯбтарошон, сангтарошону кандакорон баҳои баланд ва ба онҳо баҳри боз ҳам равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумиву миллӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Фестивал аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва либос, коркарди чарм, коркарди чӯб ва маснуоти чӯбӣ, маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ, коркарди металл, созҳои мусиқӣ, санъати нафиса ва ҳунарҳои соҳаи кишоварзӣ доир шуда, ғолибонро аъзои комиссияҳо воқеъбинона муайян намуданд.
Иброз гардид, ки омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бообрӯ мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».
Ҳунарманди асил бо ҳунари волояш дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари воло аст. Ҳунар коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари шахсони боистеъдод аст. Яъне ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо ҳунараш музд пайдо намояд, то боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин бо ҳунари асилаш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.
Хушбахтона, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сафи ҳунармандон меафзояд ва аз ҳисоби меҳнату заҳмат сатҳи рӯзгори онҳо баланд мегардад.
Мақомоти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо Сипоснома ва ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд






