ФОРУМИ БАХШИ ХУСУСӢ. Он ба пешрафт ба сӯи Ҳадафи шашуми рушди устувор – об ва беҳдошт дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд

Июнь 10, 2024 14:51

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Форуми бахши хусусӣ дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июн дар Душанбе баргузор мегардад, ба кор оғоз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори он  зиёда аз 100  коршиносу мутахассис соҳаи обу иқлим ва доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок  менамоянд.

Форуми бахши хусусии Конфронси Душанбе барои таҳкими эҷоди имконият ва бозорҳои тиҷоратӣ тарҳрезӣ шудааст, ки мустақиман ба пешрафт ба сӯи Ҳадафи шашуми рушди устувор – об ва беҳдошт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни форум раҳбарони ҳукуматҳо  ва доираҳои тиҷоратӣ лоиҳаҳои эҳтимолии бахши хусусӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусиро, ки метавонанд дар минтақаи Осиёи Марказӣ зуҳур намуда, муваффақ шаванд, баррасӣ менамоянд.

Инчунин дар форум таваҷҷуҳ ба қарордодҳо ва созишномаҳои мушаххасе  дода мешавад, ки ҷараёни муомилот ва сармоягузории хусусиро суръат бахшида, сатҳи зарурии мониторинг, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ барои таъмини мувозинати мувофиқ байни рушди иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳити зистро таъмин менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд