Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гурҷистон сафар намуд

Июнь 22, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 21 июн ҳайати Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар шаҳри Тиблиси Гурҷистон бо сафари корӣ қарор дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин сафар ҳайати Тоҷикистонро намояндагони ҷавонони мамлакат низ ҳамроҳӣ намуданд. Дар рафти сафар ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти Парламенти Гурҷистон, котиботи ҳуқуқи башари маъмурияти ҳукуматӣ, Агентии ҷавонон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон, Ассотсиатсияи рушди ҷавонон ва маориф, Шурои миллии ташкилоти ҷавонон, Донишкадаи сиёсии Гурҷистон оид ба баробарии гендерӣ ва пешбурди сиёсати ҷавонон шинос шуд.

Ҳадафи сафар мубодила ва омӯхтани таҷриба оид ба баробарии гендерӣ, баланд бардоштани иқтидори ҷавонон барои пешбурди баробарии гендерӣ дар ҷомеа, инчунин сатҳи огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои амнияти гендерӣ ба ҳисоб мерафт.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ бо муовини Раиси Парламенти Гурҷистон Нино Силосани вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистон бар пояи эҳтиром ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфта, таҳким ва густариши он яке аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар вохӯрӣ вобаста ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон, ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ барои таҳкими равобити дӯстонаи байни ду давлат дар солҳои минбаъда талош менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 22, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид