Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақаи CAREC иштирок намуд

Июнь 28, 2024 13:59

ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  25 — 27 июн дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар доираи «Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)» Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақаи CAREC баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа дар қатори 10 давлатии дигар ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Иштирокдорон дар кори ҷаласа оид ба имкониятҳои сармоягузории самти сайёҳӣ дар кишварҳои аъзои CAREC рӯнамо пешниҳод намуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва монеаҳоро дар самти рушди сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба истифодабарии маркетинги мавзуӣ ва брендинг тавассути роҳи бостонии абрешим ва истифодаи стратегии брендҳои минтақавӣ дар атрофи таърихи бой ва мероси фарҳангии минтақа барои бахши сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои имкониятҳои фаррох дар самти сайёҳӣ,  таърих ва фарҳанги қадима тайи солҳои охир ҷиҳати брендикунонии соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз унсурҳои фарҳангӣ ва таърихӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2024 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ