Ҷаласаи дуюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид

Июнь 22, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ки зимни он рушди минбаъдаи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ дар сатҳи парламентҳои ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи доимӣ оид баҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду мамлакат ба тариқи маҷозӣ иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссияи доимӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жакип Асанов  сухан намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа,  масъалаҳои дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин муборизаи муштарак бо тағирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар сатҳи парламентҳои ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Изҳори итминон  карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба рушди муносибатҳои ду мамлакат дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи дуюми Комиссия баррасишуда,  қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон

Июнь 22, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид