Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид барои саҳм гузоштан дар рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд

Июнь 5, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 05.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаи ҷалби маблағҳои грантӣ вобаста ба лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди мамлакатро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, дурнамои чаҳорчӯбаи ҳамкории миёнамуҳлат ва корҳои омодагӣ доир ба баргузории ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Парвати Рамасвами омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат ва мусоидат дар омода ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди мамлакат ва баргузории ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид