Дар ҷаласаи 64-уми Шурои электроэнергетикӣ тамоюлҳои муосири рушди саноати электроэнергетика баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тамоюлҳои муосири рушди саноати электроэнергетика, иқтидори саноатӣ, манфиатҳои ҳамгироӣ имрӯз дар ҷаласаи 64-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баррасӣ гардиданд, ки дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба таври маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аз ҷониби аъзои Шуро вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв ба муҳлати як сол Президенти Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.
Иштирокдорони ҷаласа дар мавзуъҳои иқтидори энергетикаи атомӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иқлимии давлатҳо ва ширкатҳои алоҳида, рушди занҷирҳои истеҳсолӣ, хавфҳои иқлимӣ: муайянкунӣ, арзёбӣ ва чораҳои мутобиқшавӣ ва таҳқиқи қобилияти ғунҷоишии обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, ҷорӣ намудани низоми арзёбии мувофиқати объектҳои гидроэнергетикии истифодашаванда ба меъёрҳои рушди устувор дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъруза намуданд.
Ҷаласаи 64-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чаҳорчӯби Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург доир гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






