Дар Бадахшон 80 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид, ки дар он 80 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот изҳор дошт, ки соли шашум аст, ки дар ҷумҳурӣ бо иқдоми наҷибона ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар озмунҳои маърифатию зеҳнӣ, озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир гардида истодааст.
Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба хотири ташаккул ва боло бурдани завқи этикию эстетикии сокинон, тақвияти маҳорату малакаи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару эҷодкор, ҳунарманд ва дар ин замина баланд бурдани сатҳи ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллию умумибашарӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони ахлоқӣ ва маънавии махсусан, наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардида истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи иштирокдорони озмун сол то сол ба таври назаррас зиёд гашта, сатҳу сифати ташкили он дар ҳамаи зинаҳо беҳтар гардида истодааст. Агар дар соли 2022 дар даври интихобӣ 684 нафар ииштирок карда бошад, имсол ин рақам ба 1200 нафар расид, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Аз шумораи номбаршуда дар соли 2022 ба даври вилоятӣ 168 нафар роҳхат гирифта буданд. Соли равон бошад дар озмуни даври вилоятӣ 330 нафар иштирок намуданд.
Ғолибони озмун бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофоти пулӣ қадр карда шуда, барномаи фарҳангии ғолибони озмун анҷомбахши чорабинӣ гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






